ИШТИРОКИ НОМҶӮЙ ДАР ОҒОЗИ СОХТМОН

Ноябрь 25, 2010 15:05

         Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷиҳати иштирок дар маросими оғози сохтмони сарбанди НБО-и «Сангтӯда-2»  Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷӯй 27 ноябр бо як ҳайати баландпоя ба Тоҷикистон меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн  Ширхонӣ иттилоъ дод.           Мавсуф афзуд, ки Маҷиди Номҷӯй зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмии Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои тавсеаи равобити ҳар ду кишварро дар бахши энергетика баррасӣ менамояд.            НБО-и  «Сангтӯда-2», ки дар ҷануби Тоҷикистон бунёд мешавад, сарбандаш аз қуму шағал сохта мешавад.             Сохтмони ин иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегидошта, моҳи феврали соли соли 2006 оғоз гардида буд. Иқтидори  он 220 мВт буда, бо сармоягузории Эрон, ки 180 миллион долларро ташкил медиҳад, бунёд мегардад.                Мавриди зикр аст, ки  НБО-и  «Сангтӯда-2» яке аз он силсиланерӯгоҳҳоест, ки  дар дарёи Вахш сохта мешавад. Ҷониби Эрон новобаста ба баъзе мушкилоти сунъӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли 2011 сохтмони ин иншооти муҳими энергетикиро анҷом дода, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Ноябрь 25, 2010 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад