МАЪЮБОН ҲАМ ИСТЕҲСОЛОТГАРАНД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иттилоъ доданд, ки Корхонаи воҳиди давлатии заводҳои протезию ортопедии (КВД ЗПО) шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ – сентябри соли 2010 ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманд корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Дар корхонаи мазкур 91 нафар коргарони баландихтисос фаъолият мекунанд, ки аксарияташонро маъюбон ташкил медиҳанд. Маҳсулоти тайёр кардаи корхона ҳар моҳ тибқи варақаҳои дархостӣ ба маъюбон дода мешаванд. Корхона дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 12 ҳазору 739 нафар маъюбонро бо маҳсулоти протезию ортопедӣ таъмин намудааст. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба маъюбони ҷумҳурӣ 700 адад аробачаи маъюбӣ, 1700 адад асобағал ва 6850 адад асо дода шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






