МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО К.МАСИМОВ

Ноябрь 24, 2010 13:46

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро, ки бо сафари расмӣ ва баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон, пеш аз ҳама мавзўи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва техникию технологӣ, баррасӣ шуд. Бо ёдоварӣ аз комёбиҳои Қазоқистон дар дохил ва хориҷи кишвар ва аз мақоми хоси ин давлат дар сиёсати  хориҷии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр гардид, ки дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар ба беш аз 240 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Аз мўҳтавои муносиботи сиёсии миёни ду кишвар, аз ҷумла равобити сатҳи олӣ ва робитаҳои судманди иҷтимоию фарҳангӣ, илмию техникӣ, бонкӣ, гумрукӣ ва ғайра низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. ҳамзамон бо ин фаъол намудани Фонди муштараки Тоҷикистону Қазоқистон, ки бо сармояи 100 миллион доллари амрикоӣ мувофиқат барои таъсисаш соли 2008 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон миёни сарони ду давлат ба даст омада буд, зарур шумурда шуд. Фаъолияти бештари Шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, ки низ пас аз ҳамон сафар миёни ду кишвар таъсис ёфта буд, матлуб дониста шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, истифодаи босамари захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист зоҳир карда шуд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчўби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар созмонҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 24, 2010 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст