МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО РАИСИ БОНКИ СОДИРОТУ ВОРИДОТИ ЧИН ЛИ ЖЕО ГУ

Ноябрь 25, 2010 13:33

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки содироту воридот (Эксимбонк) — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жео Гуро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва сармоягузории лоиҳаҳои сершумори зербиноӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия арзи сипос кард. Зикр гардид, ки бо сармоягузорӣ ва кўмаки техникии давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он дар Тоҷикистон бунёди хатти 500 киловолтаи ҷануб — Шимол ва 220 киловолтаи Лолазор — Хатлон пурра анҷом ёфта, сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Хуҷанд — Чанок бо нақби Шаҳристон, Душанбе — Хорўғ -Кулма ва татбиқи дигар лоиҳаҳои калонҳаҷм босамар идома дорад. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки имрўз дар шаҳри Душанбе боз ду созишномаи дигар оид ба ҷудо намудани қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ба Тоҷикистон барои бунёди марҳилаи дуюми навсозии роҳи Душанбе — Хорўғ — Кулма ва хатти 220 киловолтаи барқии Хуҷанд — Айнӣ ба имзо мерасад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Бонки содироту воридоти  ҷумҳурии Мардумии Чин дар сармоягузории дигар лоиҳаҳои судбахши Тоҷикистон низ доир ба бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳу пулҳо ва нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, азхуднамоии канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва ғайра иштироки фаъол хоҳад дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 25, 2010 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад