МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО РАИСИ БОНКИ СОДИРОТУ ВОРИДОТИ ЧИН ЛИ ЖЕО ГУ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки содироту воридот (Эксимбонк) — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жео Гуро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва сармоягузории лоиҳаҳои сершумори зербиноӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия арзи сипос кард. Зикр гардид, ки бо сармоягузорӣ ва кўмаки техникии давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он дар Тоҷикистон бунёди хатти 500 киловолтаи ҷануб — Шимол ва 220 киловолтаи Лолазор — Хатлон пурра анҷом ёфта, сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Хуҷанд — Чанок бо нақби Шаҳристон, Душанбе — Хорўғ -Кулма ва татбиқи дигар лоиҳаҳои калонҳаҷм босамар идома дорад. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки имрўз дар шаҳри Душанбе боз ду созишномаи дигар оид ба ҷудо намудани қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ба Тоҷикистон барои бунёди марҳилаи дуюми навсозии роҳи Душанбе — Хорўғ — Кулма ва хатти 220 киловолтаи барқии Хуҷанд — Айнӣ ба имзо мерасад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Бонки содироту воридоти ҷумҳурии Мардумии Чин дар сармоягузории дигар лоиҳаҳои судбахши Тоҷикистон низ доир ба бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳу пулҳо ва нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, азхуднамоии канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва ғайра иштироки фаъол хоҳад дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






