МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШОҲЗОДА ХОЛИД АЛ-САЪУД
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар»,).-Имрўз, 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Саудро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва густариши ҳамкории судманд баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи олӣ, фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ» дар муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем». Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва сафорати кишвари худро дар шаҳри Душанбе нишона аз ибтидои марҳилаи рушди бештари муносиботи дуҷонибаи ду давлати дўст арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Арабистони Саудӣ омода аст, ки бо Тоҷикистон дар ҳама самту арсаҳо, ки худи ин кишвари дўст мехоҳад, ҳамкории судбахш дошта бошад». Зимни сўҳбат хотиррасон гардид, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар 10 соли охир барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористон ва роҳҳо дар ҳаҷми умумии 265 миллион доллари амрикоӣ кўмакҳои молиявӣ расонда шудаанд. Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ зоҳир карда шуд. ҳамкории сармоягузорӣ дар самтҳои сохтмони нерўгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кўҳӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кўҳӣ низ манфиатбахш номида шуд. Барои ин баргузор намудани ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ба имзо расондани созишномаҳои дуҷониба дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя, оид ба ҳамкориҳо дар бахши туризм ва қарздиҳӣ зарур шумурда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷўҳи ду ҷониб гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






