МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЮРИЙ ФЕДОТОВ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷрокунандаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд. Аз фаъолияти Агентии назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии молию техникии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ва аз кори босамари дигар сохторҳои кишвари мо дар мубориза бо ин вабои аср изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Юрий Федотов, «Тоҷикистон дар воқеъ дорои мутахассисони корозмудаи ин соҳа аст ва таҷрибаи ҳамкорие, ки он бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба роҳ мондааст, барои ҳамаи кишварҳои минтақа ибратбахш мебошад». Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории босамар дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бевосита дар Афғонистон, ки яке аз манбаъҳои асосии ин маводи марговар дар ҷаҳон аст, таъкид намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






