МУЛОҚОТИ МАВСУМА БО ФАРАҲМАНД

Ноябрь 30, 2010 15:22

Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин ҷаласаи Вазирони идораҳои ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/  дар соли равон дар Теҳрон анҷом ёфт. Ҷаласаи мазкур рӯзҳои  29-30 ноябр доир гардида, дар он ҳайати  Тоҷикистон дар қатори  намояндагони дигар кишварҳои узви ин созмон ширкат доштанд. Дар нишаст масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши идораҳои кор бо ҷавонони СҲИ ва дурнамои робитаи онҳо матраҳ гардид.         Назар ба иттилои коршиноси СҲИ дар бахши фарҳанг Шоҳмансури Шоҳмирзо,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст  муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова бо ҳайати мутахассисони кумитаи мазкур намояндагӣ карданд.         Ҳайати Тоҷикистон  дар доираи баргузории нишаст бо муовини Раиси Созмони миллии ҷавонони Эрон доктор Фараҳманд мулоқот карда, масъалаҳои тақвияти равобити мутақобилан судманди ду кишварро дар бахши ҷавонон баррасӣ намуданд. Нишаст бо ибтикори Созмони Миллии ҷавонони Эрон ва СҲИ доир гардид. Бояд зикр кард, ки СҲИ 10 кишвари ҷаҳон –Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар худ муттаҳид сохтааст.

Ноябрь 30, 2010 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад