МУСИҚИИ ТОҶИК ТАСХИРГАРИ РУСИЯ

Ноябрь 12, 2010 13:40

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 3 то 10 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия фестивал-озмуни байналмилалии «Мусиқӣ бидуни сарҳад» (Музыка без границ) баргузор гардид, ки дар он хонандагони мактаб- интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев ширкат варзида, соҳиби ҷоиза гардиданд. Дар озмун хонандаи синфи 7 Абдушукур Хоҷаев дар номгӯи сурудҳои халқӣ сазовори дипломи дараҷаи якум ва хонандаи синфи 10 Шӯҳрат Алимардонов дар номгӯи сурудҳои халқӣ-эстрадӣ сазовори дипломи дараҷаи дуюм дониста шуданд.     Мактаб-интернати мазкур аз соли 2007-ум инҷониб дар озмуни байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори шоҳҷоизаи «Гран-при» мегардад ва аз ҳамон сол инҷониб хонандагони Мактаб-интернати ба номи М. Атоев иштирокчии доимии ин фестивал-озмуни бонуфуз мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки дар кушодашавии фестивал-озмуни «Мусиқӣ бидуни сарҳад» (Музыка без границ) шеъри «Модар»-и Аминҷон Шукуҳӣ, оҳанги шодравон Соҳиб Нозимов (фарзанди ҳунарманди маъруфи тоҷик Зафар Нозимов) дар иҷрои хонандаи мактаби мазкур Абдушукур Хоҷаев иҷро  шуд, ки ин бори дигар нуфуз доштани оҳанги ҷолиби Соҳиб Нозимовро  дар Русия нишон дод. Ёдовар мешавем, ки дар фестивал-озмуни номбурда намояндагон аз тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ширкат варзиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Ноябрь 12, 2010 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад