МУСИҚИИ ТОҶИК ТАСХИРГАРИ РУСИЯ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 3 то 10 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия фестивал-озмуни байналмилалии «Мусиқӣ бидуни сарҳад» (Музыка без границ) баргузор гардид, ки дар он хонандагони мактаб- интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев ширкат варзида, соҳиби ҷоиза гардиданд. Дар озмун хонандаи синфи 7 Абдушукур Хоҷаев дар номгӯи сурудҳои халқӣ сазовори дипломи дараҷаи якум ва хонандаи синфи 10 Шӯҳрат Алимардонов дар номгӯи сурудҳои халқӣ-эстрадӣ сазовори дипломи дараҷаи дуюм дониста шуданд. Мактаб-интернати мазкур аз соли 2007-ум инҷониб дар озмуни байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори шоҳҷоизаи «Гран-при» мегардад ва аз ҳамон сол инҷониб хонандагони Мактаб-интернати ба номи М. Атоев иштирокчии доимии ин фестивал-озмуни бонуфуз мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки дар кушодашавии фестивал-озмуни «Мусиқӣ бидуни сарҳад» (Музыка без границ) шеъри «Модар»-и Аминҷон Шукуҳӣ, оҳанги шодравон Соҳиб Нозимов (фарзанди ҳунарманди маъруфи тоҷик Зафар Нозимов) дар иҷрои хонандаи мактаби мазкур Абдушукур Хоҷаев иҷро шуд, ки ин бори дигар нуфуз доштани оҳанги ҷолиби Соҳиб Нозимовро дар Русия нишон дод. Ёдовар мешавем, ки дар фестивал-озмуни номбурда намояндагон аз тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ширкат варзиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






