НИШОНДОДҲОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

Ноябрь 23, 2010 10:07

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Аз Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар моҳҳои январ – октябри соли 2010 аз 851 корхонаи истеҳсолӣ 468 корхона ё 55 фоизи он аз сатҳи истеҳсолоти январ – октябри соли 2009  бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд.    Аз ҷумлаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи  ВМКБ аз 13 корхона   4 корхона, дар вилояти Суғд аз 253 корхона — 153, дар вилояти Хатлон аз 257 корхона – 139, дар шаҳри Душанбе аз 228 корхона – 131 ва дар НТҶ аз 153 корхона 78 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 бештар маҳсулот бароварданд.    Корхонаҳои «Тоҷикматлубот»  сатҳи истеҳсолотро нисбат ба соли гузашта 54, 1 фоиз  зиёд намуданд.    Дар моҳҳои январ – октябри соли 2010 124 корхона ё 14 фоизи миқдори умумии корхонаҳо аз кор бозмонданд. Дар моҳи октябри соли ҷорӣ 285 корхона умуман кор накард.    Аз 78 намуди асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 40 номгӯй афзуда, 28 номгӯй кам  ва 10 номгӯйи маҳсулот  умуман истеҳсол нашудааст.  

Ноябрь 23, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд