САРҚОНУН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
Душанбе, 4 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин ).- Имрӯз дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон конфронси илмӣ- назариявӣ бахшида ба 16-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистони соҳибистиқлол: таърих, таҷриба, ва оянда» баргузор гардид. Дар конфронси илмӣ профессор Низомҷон Нидоев дар мавриди Сарқонун ва муқаддасот ҳарф зада, зикр намуд, ки ҳар як давлат дорои муқадасоти миллии худ мебошад, аз ҷумла миллати тоҷик. Баъдан устодони Донишкада роҷеъ ба Сарқонуни ҶТ ва бобҳои алоҳидаи он баромад намуданд. Инчунин, зимни нишасти мазкур саволу ҷавоби донишҷӯён бо устодон сурат гирифт. Конфронси илмиро ноиби ректор оид ба илм Ҷонмамадов Ш. Б. ҷамъбаст намуда гуфт, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён гузаронидани ин гуна чорабиниҳо ба манфиати кор аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






