СУҒД;-92 000 ТОННА ПАХТАҶАМЪОВАРӢ ШУД

Ноябрь 4, 2010 15:43

      Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд  иттилоъ медиҳад, ки санаи 3-уми ноябр ҳаҷми истеҳсоли «Тиллои сафед» дар вилоят зиёда аз 92-ҳазор тоннаро ташкил дода, дурнамои истеҳсоли пахта таъмин  гардид. Заркорони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Конибодом, Истаравшан, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров пайи ҳам аз иҷрои дурнамои солона мужда расониданд, ки  саҳми онҳо дар оростани хирмани пахтаи вилоят назаррас мебошад. Бояд қайд намуд, ки иҷро гардидани дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят барои вусъат ёфтани рафти ҷамъоварӣ дар ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод таккони ҷиддӣ бахшида, пахтакорони  ин ноҳияҳо  кӯшиш доранд ҳосили рӯёнидашударо пурра ҷамъоварӣ намоянд.   Ҳамзамон мавриди зикр аст,  ки кишоварзони вилоят дастгирӣ ва кӯмаки амалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди соҳа, махсусан соҳаи пахтакорӣ пайваста эҳсос намуда, барои тавсияҳои муфид, дастгирӣ ҷиҳати таъмин бо тухмиҳои хушсифат, тухмипошакҳо ва заҳрдоруҳои кимиёвӣ арзи сипос менамоянд.         Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд соли ҷорӣ дар майдони 53977 гектар  чигит кишт шуда, дурнамои истеҳсоли пахта 92 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. 

Ноябрь 4, 2010 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон