ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
Душанбе, 10 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин) .- Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии(МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мизи мудаввар дар мавзӯи «Масоили инкишофи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин» баргузор гардид. Сӯҳроб Шарипов директори МТС назди Президенти ҶТ дар мизи мудаввар зикр намуд, ки муносибатҳои мо бо Ҷумҳурии Халқии Чин густариш меёбад, аз ҷумла, дар соҳаи саноат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг хеле ҳам назаррас аст. Баъдан сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҶТ Фян Сянжун суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ҶТ дӯсти наздик ва ҳамкори қавии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, боз як зарбулмасали бисёр ҳам ҷолиб гуфта шуд: «Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур аст» . Роҷъ ба густариши муносибатҳои дуҷониба устодони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон маърӯзаҳои худро пешниҳоди ҳозирин намуданд . Ҳадафи баргузории чунин як нишаст мустаҳкам намудани робитаҳои ду кишвари ҳамсоя ва ҳамсарҳад мебошад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






