ТАДБИҚИ КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таври васеъ ҷорӣ карда шудаанд. Соли ҷорӣ навъҳои зироатҳои ғалладонагии селексияи Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ; гандуми навъи «Президент», «Ормон», «Сомонӣ», «Алекс», «Норман», «Садоқат», «Зироат — 70», «Ориён», «Наврӯз», «Ватан», «Шамъ», ҷави «Ифтихор — 86», «Баракат», «Пӯлодӣ» тритикалеи «Умед», «Акбар», «Умар» ҷавдори «Вахш — 128», «Вахш — 116»- ро дар майдони 130 ҳазор гектар кишт намуданд ва аз он ҳосили дилхоҳ гирифтанд. Олимони Пажӯҳишгоҳ навъҳои зироатҳои лӯбиёгии нахӯди «Муқтадир», «Зимистонӣ», «Ҳисор -32», наскҳои «Ҳисор -1», «Ҳисор — 5», мушунги хӯрокаи «Серҳосил», «Бадахшонӣ», «Лалмии — 126», моши «Тоҷикӣ — 1», «Тоҷикӣ — 2»- ро дар майдони 12 ҳазор га кишт намуда ҳосили зиёд рӯёниданд. Бар замми ин, дар кишти такрорӣ аз навъҳои гуногуни мош, лӯбиё ва марҷумак дар майдони 20 ҳазор га истифода намуданд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хуб мусоидат хоҳад кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






