ТАШАББУСИ СОҲИБКОРЗАН

Ноябрь 23, 2010 15:29

            Турсунзода, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  мудири  шӯъбаи  кор  бо  занон,  оила ва  ҳифзи  ҳуқуқи  кӯдак Машҳура  Набиева  аз  шаҳри  Турсунзода иттилоъ дод,  соли  равон  бо  ташаббуси  соҳибкорзан  Санавбар  Шамсуллоева роҳбари корхонаи ООО «Санавбар» 20  нафар  писарони  то 10 – сола  аз  оилаҳои  бепарастору камбизоат тӯйи суннатӣ  шуданд.           Машҳура  Набиева  афзуд, ки  туйи  суннатии  1140 нафар  кӯдакон  ва  тӯйи арӯсии  6  ҷуфт  навҷавонон  аз  оилаҳои камбизоати  ҷамоатҳои  деҳоти  шаҳр  дар  доираи  қонунҳои  амалкунанда  ва расму оинҳои  миллӣ  аз  ҳисоби  шахсони  саховатпеша  гузаронида шуд.

Ноябрь 23, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш