ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?
Душанбе, 10 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷараёни татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудааст, дар меҳвари мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон Кяра Бронкӣ қарор дошт. Дар мулоқот, ки ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иштирок дошт, мусоҳибон самтҳои фарогири Консепсияи ҷадиди рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии пойтахтро ҳамчун идомаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи баррасӣ карданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти пешниҳоди ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ иброз дошт, ки ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои дар сатҳи худкифоӣ роҳандозӣ намудани хизматрасонии корхона мусоидат менамояд. Ҳамзамон он, имкон дорад бобати таъмини эҳтиёҷоти сокинони пойтахт бо оби нӯшокӣ танҳо бо насби ҳисобкунакҳои обӣ барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона, ихтисори хизматрасонии қарзии вазорати молия ва ҳамшарикии шаҳрдории Душанбе оид ба сармоягузории Лоиҳа татбиқ шаванд. Дар чунин ҳолат КВД «Обу корези Душанбе» метавонад вазифаҳои таъинотии худро иҷро намуда, дар асоси ҳисобу китоби дақиқи ҷамъоварию сарфаи маблағи хизматрасонӣ барои таҷдиди фондҳои асосии худ ноил гардад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки гурӯҳҳои корӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин асосҳои техникии Консепсияро дар асоси пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ба шаҳрдории Душанбе пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






