ВАСЛИ ҲИСОБКУНАКҲОИ НАВ

Ноябрь 23, 2010 11:30

         Хоруғ, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо).- Роҳбарияти  ширкати «Помирэнерҷӣ»  пешгирии  дуздии  нерӯи  барқро  дар  васли  ҳисобкунакҳои  нав  мебинанд ва   ба  анҷоми бомуваффақи  ин  масъала  эътибори  ҷиддӣ  медиҳанд. Ибтидои  ҳафтаи  ҷорӣ  насби  500  адад  ҳисобкунакҳои  замонавӣ  дар  ҷамоати   деҳоти  Тавдем  анҷом дода  шуд.           Аз  аввали  сол   дар  саросари  вилоят  19 ҳазору 401 адад  ҳисобкунакҳои   барқӣ  насб  шуд,  ки  ин  65 дар  сади  нақшаро  ташкил  медиҳад. Тавре аз  ширкати  барқии  «Помирэнерҷӣ» иттилоъ доданд, то  ибтидои тобистони  соли 2011   сокинони вилоят пурра бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин мегарданд.  

Ноябрь 23, 2010 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш