ҚОТИЛИ КӮДАКОН МАЪЛУМ ГАРДИД

Декабрь 20, 2010 17:14

  Қурғонтеппа, 20 декабр.  (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев)   —  Тафтиши ҳодисаи куштори се нафар ноболиғ дар Қурғонтеппа идома дорад.   Тавре ба АМИТ «Ховар» ҷонишини прокурори шаҳри Қурғонтеппа Маҳмадсаид Насимов хабар дод, зимни тафтиши парванда Фирдавс Саидови гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас далелҳои шайъии ҷиноят ошкор гардид.   Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли ҷорӣ дар яке аз хонаҳои кӯчаи Дзержинскии шаҳри Қурғонтеппа ҷасадҳои ноболиғон Шоҳҷаҳони 9 сола, Лобари 13 сола ва Наргиз Бегназаровҳои 15 сола бо ҷароҳатҳои зиёд ёфт шуданд.   Тибқи маълумоти Прокуратураи шаҳр куштори кӯдакон бо мақсади дуздӣ ба амал омадааст. Тафтиш нишон дод, ки шахси гумонбар дар куштор Ф. Саидов, ҳамчунин аз хона 2 ҳазор доллари ИМА ва 8 ҳазор сомонӣ маблағро дуздидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад.        

Декабрь 20, 2010 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад