ҲАНӮЗ ҲАМ ТАНЗИМ ПУРРА НЕСТ
Файзобод, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Ҳафтаи охир дар тамоми ташкилоту корхонаҳо, ҷамоату деҳоти ноҳияи Файзобод вохӯрии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов бо меҳнаткашон бобати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди риояи танзими расму оинҳо аз ҷониби аҳолӣ баргузор гардид. Имрӯз, 14 декабр чунин вохӯрӣ бо иштироки раиси ноҳия ва фаъолзанон дар Қасри фарҳанг доир гардид. Раиси ноҳия аз дастовардҳои меҳнатии занони фаъол ёдовар шуда, инчунин оид ба камбудию норасоиҳо сухан гуфт. Ӯ иброз намуд, ки ҳоло ҳам дар бисёр маҳаллаҳо дар риояи танзими расму оинҳо қонуншиканӣ ҷой дорад. Камхарҷу каммасраф гузаронидани тӯю маъракаҳо кори як-ду нафар набуда, бояд мо якҷоя ин камбудиҳоро бартараф намоем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем. Дар охир раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов афзуд, ки мо ҳама дар якҷоягӣ бояд ин исрофкориҳоро аз байн бардорем ва расму оинро дар доираи қонун ба танзим дарорем.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






