ҲАВОИ НОМУСОИД-МОНЕИ ПАРВОЗ
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар аксар минтақаҳои Федератсияи Россия сармо фаро расидааст ва вазъи обу ҳаво баъзан имкон намедиҳад, ки парвозҳо саривақт сурат гиранд. Аз ин хотир ҳавопаймо бо хатсайри 628 Москва (Домодедово)-Душанбе, 221 ва 223 Внуково –Душанбе бо дермонии аз 11 дақиқа то 1 соату 14 дақиқа ба фурудгоҳи Душанбе нишастанд. Субҳи имрӯз хатсайри Алмаато-Душанбе бо сабаби ба парвоз мувофиқ набудани вазъи ҳавои Алмаато 1 соату 35 дақиқа дер ба фурудгоҳ фуруд омад. Дермонӣ дар дигар самтҳо низ ба миён омад ва то соати 15 ҳама он хатсайрҳое, ки бояд ба Душанбе меомаданд ва баръакс аз фурудгоҳи Душанбе парвоз мекарданд, пурра анҷом дода шуданд. Айни замон фазои фурудгоҳи Душанбе ғуборолуд аст, лекин меъёри қабули ҳавопаймоҳо риоя мегардад ва қабулу гусели ҳавопаймоҳо бомуваффақият идома дорад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






