ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ЭКОЛОГӢ
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти фестивал — озмуни вилоятии журналистикаи экологӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист», Маркази иттилоотии экологии «Орхус» дар вилояти Суғд, Иттифоқи журналистони вилояти Суғд ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳакамон пас аз баррасии маводи фестивал – озмун, ҳам дар матбуоти даврӣ ва ҳам дар воситаҳои электронии иттилоотӣ, ба маводи пешкашнамудаи рӯзноманигорони «Азия Плюс», «Ҳақиқати Суғд», «Тирози ҷаҳон», «Стан-ТВ», «СМ-1» ва телевизиони вилояти Суғд бартарӣ доданд. Рӯзноманигорон Тилав Расулзода, Маъмури Юсуфзод, Ислом Бобоев, Саид Шодиев, Бобоҷон Қурбонов, Насиба Мамадҷонова ва рӯзноманигори собиқадор Муҳаммадҷон Абирӣ бо мукофотҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






