ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҷумҳуриявӣ, масъулини шаҳрдорӣ ва соҳибмулкони беш аз 100 иншооти дахлдор ширкат варзиданд. Хусусан, рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои бистошёнаи «Душанбе-плаза» ва Боғи умумишаҳрии фарҳангию фароғатӣ дар маҳаллаи Буни ҳисорак, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта мешавад, муҳокима гардида, тадбирҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати дастгирию ҳавасмандсозии субъектҳои сохтмонии дар маъракаҳои ободонӣ ширкаткунанда матраҳ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки бинои 20 ошёнаи «Душанбе плаза» , ки дар маркази шаҳр сохта мешавад, баландтарин бино дар пойтахт маҳсуб гардида, дар остонаи 20 –умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои дигари марбут ба хоҷагидории пойтахт, аз қабили вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмиру ободонии роҳҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистон баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






