ҶАВОНОН ЗИДДИ ФАСОД
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Бо мақсади густариши ҷаҳонбинӣ ва бад-ин васила мусоидат намудан дар ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ миёни ҷавонон, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия, санаи 8 декабр вохӯрии Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи «Зуҳуроти коррупсионӣ ва оқибатҳои ногувори он» ҷараён гирифт. Раиси Кумита зимни суханронии худ оид ба дасттовардҳои тӯли 20 соли Истиқлолият соҳиб гаштаи Ҷумхурии Тоҷикистон муфассал маълумот дода, ҷавононро барои созандагӣ, ободкорӣ, мубориза зидди фасод ва бо дасту дили пок хизмат намудан ба халқу ватан даъват намуд. Ректори Донишгоҳ Нуралӣ Шоев мулоқоти раиси Кумитаро саривақтӣ арзёбӣ намуда, аз номи ҷавонон раиси Кумитаро бовар кунонид, ки донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ бо ихтирооти нав дар таҳкими сулҳу шукуфоии кишвар ҳиссаи арзанда мегузоранд. Дар поёни мулоқот донишҷӯён ба ташаббускорони мулоқот изҳори миннатдорӣ намуда, бо саволҳои худ аз раиси Кумита Маликшо Неъматов посух гирифтанд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






