ҶАВОНОНИ ТОҶИКУ ЭРОНӢ МУТТАҲИД МЕШАВАНД

Декабрь 6, 2010 12:10

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард ).-  29-30 ноябри соли 2010 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Иҷлосияи аввалини вазирони кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони 10 кишвари аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ — Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва 3 кишвари даъватшуда (Ироқ, Сурия ва Лубнон) иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа ҳайати сенафараи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Кумита Мавсума Муинова ширкат варзиданд. Дар доираи Иҷлосияи мазкур рӯзи аввал дар асоси барномаи таҳррезигардида машваратҳо, муаррифии фаъолияти мақомоти кор бо ҷавонони давлатҳои иштироккунанда ва ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рӯзи дувум бо иштироки муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Раҳимӣ Ҷаласаи вазирони кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Дар иҷлосия масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши мақомоти кор бо ҷавонони СҲИ ва дурнамои робитаи онҳо матраҳ гардиданд. Дар анҷоми Иҷлосияи аввалини вазирони ҷавонони кишварҳои аъзои СҲИ Эъломия оид ба густариши ҳамкориҳо байни мақомоти кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои СҲИ ва қарор оид ба баргузории чунин ҷаласа дар ду сол як маротиба қабул гардид. Ҳамзамон, 29 ноябри соли 2010 вохӯрии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо роҳбарони ҳайатҳои намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ баргузор гардид. Зимни мулоқот муовини Раиси Кумита Мавсума Муинова оид ба иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорие, ки соли 2009 байни Созмони миллии чавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, баромад намуда, иброз кард, ки моҳи феврали соли равон ҷиҳати иҷрои Ёддошти мазкур ҳайати ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва моҳи сентябри соли равон ҳайати авонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф доштанд. Дар ҷараёни баргузории «Ҳафтаи дӯстии ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон» ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи сафарашон аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвар, аз ҷумла, аз табиати зебоманзари ноҳияи Варзоб, осорхонаи бостоншиносии пойтахт ва аз оромгоҳи орифи шинохта Шайх Муслиҳиддин Валии Хуҷандӣ дидан намуданд. Дар доираи ин сафар дар боғи Ботаникии шаҳри Душанбе маҳфили шеър бо иштироки меҳмонон ва донишҷӯёни ДМТ ва ҳамзамон дар Қасри Ҷавонони шаҳри Хуҷанд шаби ширу шакар бо иштироки ҳофизони ҷавони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Ташрифи ҷавонони Эрон ба Тоҷикистон боз ҳам дӯстиву ҳамкориро байни ҳам тақвият бахшид. Инчунин, дар рӯзи дуюми сафар дар Маркази хабаргузории “Бурно”-и шаҳри Теҳрон бо иштироки муовини Раиси Кумита Мавсума Муинова ва масъулини Кумита нишасти матбуотӣ доир гардид. Рӯзноманигорон доир ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, Барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра суол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар баробари ин, дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони Тоҷикистон оид ба таъриху тамаддуни бойи кишвар ва анъанаҳои аҷдодии мардуми тоҷик сухан карданд. Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳо вохӯрии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Созмони миллии ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон, муовини Раиси ҷумҳур Муҳандис Басбош ва муовини Раиси Созмони миллии ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Фараҳмандпур баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо  тақвият додани ҳамкориҳо дар самти сиёсати ҷавонон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзиширо баррасӣ намуданд. Дар рафти сафар ҳайати намояндагони Тоҷикистон аз якчанд ҷойҳои таърихӣ: Осорхонаи керамикии шаҳри Теҳрон, Осорхонаи миллии Эрон, Маркази ихтироъкорони ҷавони Ҷумҳурии Исломии Эрон, оромгоҳҳои  Фирдавсӣ ва Имом Ризо дидан карданд.           Бояд қайд кард, ки иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин ҷаласа дар равобити босамари ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи боэътимод хоҳад гузошт.          

Декабрь 6, 2010 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад