9 ДЕКАБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Пагоҳ дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» конфронси илмӣ-таҷрибавӣ дар мавзӯи «Таъсирнокии мубориза бо коррупсия» баргузор мегардад. Конфронсро Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола 9 декабр дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад, ташкил намудааст. «Мақсади асосии конфронс баррасии натиҷаҳои ба дастомада дар самти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, ҳамчунин, муҳокимаи корҳои минбаъда дар бобати таҳким ва вусъатбахшии пешгирӣ ва мубориза бо фасод ба шумор меравад». Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсияро СММ 9 декабри соли 2003 дар рӯзи баимзорасии Конвенсияии СММ бар зидди коррупсия эълон намуд. Дар айни замон Конвенсияи мазкурро 140 давлат ба имзо расонида, 80 кишвари дигар тасдиқ намудаанд. Миёни тасдиқкунандагон, ки ҳамзамон аъзои он низ мебошанд, давлатҳои Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Латвия, Русия, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳастанд. Ин шартномаи байналмиллалӣ чораҳоро барои пешгирии фасод, ҷазо додани гунаҳкорон, ҳамчунин, раванди ҳамкориҳои байналмилалиро дар мубориза бо он дар бар мегирад. Он давлатҳои аъзоро барои гузаронидани сиёсати зидди фасодӣ, қабул намудани конунҳои мутобиқ ба он ва равона намудани мақомоти махсусро барои мубориза бо ин зуҳурот вазифадор менамояд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






