АФЗОИШИ КӮМАКИ ОЛМОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард ).-Ҳукумати федеролии Олмон ба Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012 44 миллиону 250 ҳазор евро маблағҳои грантӣ ҷудо мекунад. Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон хабар доданд, ин натиҷаи гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон аст, ки дар шаҳрҳои Бонн ва Франкфурт тайи чанд рўзи гузашта баргузор гардид. Ба иттилои сафорат, Ҳукумати федеролии Олмон тасмим гирифтааст, ки дар ин солҳо кӯмаки молиявию техникии худро ба давлати Тоҷикистон афзоиш диҳад. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, ҳамкории техникӣ-молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон, асосан дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва маорифу тандурустӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки Олмон аз соли 1995 то соли 2010 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 129,3 миллион евро кӯмакҳои молиявию техникӣ расонидааст.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






