«АСРОРИ СУХАН»-И ШОИРОНИ МУОСИР

Декабрь 23, 2010 17:12

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар  китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд  бо иштироки донишҷӯён ва хонандагони доимии шӯъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир маҳфили навбатии «Асрори сухан», бахшида  ба осори намояндагони назму насри адабиёти муосири тоҷик  доир гардид. Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Арбоби шоиста, нависандаи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод дар бораи асари сегонаи хеш «Об-рӯшноӣ» маълумоти муфассал дода, аз равиши эҷоди як асари калонҳаҷм, ки дар он аз рӯзгори се насли  сохтмончиёни нерӯгоҳҳои барқи обӣ баҳс меравад, нақл кард. Дар ҷараёни маҳфил шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва олими табиатшинос, нависанда Муҳаммад Субҳон аз фаъолияти эҷодии худ сӯҳбат оростанд. Донишҷӯён дар бораи хусусиятҳо ва навъҳои шеърии шоирон  табодули назар карданд.

Декабрь 23, 2010 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад