АВВАЛИН ҚАДАМ БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Декабрь 27, 2010 08:58

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2011 қадами аввалин оид ба ҳифзи  амнияти озуқавории кишвар  гузошта хоҳад шуд,- иброз доштанд дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».    Барои ба даст овардани амнияти озуқаворӣ зарур аст, ки аз рӯи   меъёри ташкилоти байналмилалии тандурустӣ  бо иловаи 20 фоизи захираҳои давлатӣ,   ба сари ҳар як шаҳрванд 183 кг гандум, 110 кг картошка, 110 кг сабзавот, 62 кг мева, 68 кг гӯшт, 12 кг равғани растанӣ 5 кг асал ва 183 дона тухм истеҳсол карда шавад.    Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, то 1 -уми декабри соли 2010 дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) -и ҷумҳурӣ 1 млн. 220 ҳазору 712 тонна ғалладона, 309 ҳазору 553 тонна пахта, 725 ҳазору 408 тонна картошка, 1млн.565 ҳазору 48 тонна сабзавот, 446 ҳазору 551 тонна полизӣ, 203 ҳазору 764 тонна мева, 112 ҳазору 689 тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст.    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани амнияти озуқаворӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад то меъёри ташкилоти байналмилалии тандурустиро  амалӣ намояд.  

Декабрь 27, 2010 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад