БА ИСТИФОДАИ АНГИШТСАНГ ГУЗАШТААНД

Декабрь 23, 2010 09:37

Ваҳдат, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Бино ба иттилои  сардори шабакаи  гармидиҳии   шаҳри  Ваҳдат  Азиз Уразов баъди  пошхӯрии  Иттиҳоди  Шӯравӣ  ин  корхона, ки қаблан  тамоми   шаҳрро  бо   гармӣ  таъмин  мекард,  бо  сабаби  набудани  газу барқи  доимӣ  солҳои охир  аз  фаъолият  бозмонд. Уразов  афзуд, ки барои  бо  гармӣ таъмин  намудани  аҳолӣ  дегхонаҳои  оташӣ ташкил  шудаанд, ки бо  ангиштсанг  фаъолият менамоянд. Дар  назди  корхона    ҳаммоми  хубу  дорои  таҷҳизоти  замонавӣ   ба  истифода дода шуд, ки  бо  ангиштсанг  гарм  карда  мешавад. Инчунин  дегхонаҳои  кӯчаи  Бохтари ноҳияи  Ваҳдат  ба  маблағи  103  ҳазор  сомонӣ  ба  истифода  дода шуд, ки  ба  воситаи  ангиштсанг  гарм  карда мешавад ва аҳолии  ин  кӯча пурра бо  гармӣ  таъмин  мебошанд.  Айни  замон  зиёда  аз  8 ҳазор  аҳолӣ дар  хонаҳои  баландошёна  бо  оби ошомиданӣ таъмин  мебошанд. Дар  оянда  ният  дорем, ки тамоми  боғчаю  мактабҳои  шаҳрро бо   истифода  аз  ангиштсанг  гарм  намоем. Чунки  дар  шароити  кунунӣ  набудани  барқу  гази  доимӣ  монеаи асосии  кори мост, мегӯяд А. Уразов.

Декабрь 23, 2010 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад