БАНКОМАТҲО ЗАРУРАНД
Кӯлоб, 24 декабр.(АМИТ «Ховар», С.Холов).- Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва сари вақт дастрас намудани нафақапулӣ тамоми нафақахӯрони ҷумҳурӣ бо кортҳои пластикӣ таъмин мешаванд ва ин омил метавонад барои сари вақт ва бемонеа гирифтани нафақапулӣ мусоидат намояд. Дар қайди раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 15 ҳазору 500 нафар нафақахӯрон мебошанд, ки то имрӯз ҳуҷҷатҳои қисми зиёди онҳо барои гирифтани кортҳои пластикӣ ба бонки давлатии «Амонатбонк»– и ҷумҳурӣ фиристода шудаанд. Бино ба гуфти мутахассисон гузаштан ба истифодаи кортҳои пластикӣ гирифтани музди меҳнат, нафақапулӣ, харидани молу маҳсулот аз марказҳои савдо ва анҷом додани дигар амалиёти бонкиро хеле осон мегардонад. Мушкилии дигар нарасидани банкоматҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо мебошад. Ба гуфти кормандони бонкҳо як адад банкомат қариб 60 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад. Аксари пиронсолон низ имконияти аз банкоматҳо истифода бурданро надоранд. Аммо дар ҳолати ба каси дигар додани рақами корти пластикӣ, махфияти рақами хоси он риоя намешавад. Зарур аст, ки пеш аз пурра гузаштан ба кортҳои пластикӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот банкоматҳо насб шаванд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






