БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ Э.РАҲМОН БА Н.НАЗАРБОЕВ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад: Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич, Солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ман имконият фароҳам овард, ки Шумо ва тамоми халқи қазоқро ба ин муносибат аз самими қалб табрик намоям. Қазоқистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо ба муваффақиятҳои назаррас дар рушди иқтисодиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ноил шуда, дар минтақа ва ҷаҳон соҳиби обрӯю эътибори беназир гардид. Ҷумҳурии Шумо мақсадҳои олии демократия ва тараққиётро пеш бурда, ҳамчунин барои таъмини амнияти умумибашарӣ ва мустаҳкамии кишвар кӯшиш намуда, узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Бо муваффақият гузаронидани Саммити САҲА дар Остона шаҳодати ин гуфтаҳост. Мо анъанаҳои дӯстонаи тӯли асрҳо маҳфузбудаи хеш, ҳамкорӣ ва эҳтироми ҳамдигар, робитаҳои мустаҳкамеро, ки давлату халқҳои моро ба ҳам мепайванданд, қадрдонӣ менамоем. Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки ин анъанаҳо ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо самараҳои нек ба бор меоранд. Иҷозат диҳед, ки ба Шумо, мӯҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор, ба халқи бародари қазоқ сулҳ ва саодати рӯзгорро таманно намоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






