БАРРАСИИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР

Декабрь 13, 2010 15:21

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-  14-15 декабри соли ҷорӣ  дар қароргоҳи НАТО шаҳри Брюссел вохӯрии ҳарсолаи мутобиқгардонӣ бо мақсади ошно намудани давлатҳои иштирокчӣ бо ҷамъбасти амали лоиҳа дар соли 2010 ва баррасии стратегияи татбиқи чорабиниҳои минбаъда барои соли оянда доир мегардад.     Ин мулоқот дар чаҳорчӯби Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Русия оид ба омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гузаронида мешавад.  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мулоқот директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд.  

Декабрь 13, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад