БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Декабрь 24, 2010 11:52

Душанбе, 24 декабря. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза ба зидди коррупсия чорабинӣ баргузор гардид. Муовини вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидрахмон Назриев қайд намуд,  ки тибқи фармоиши вазорат аз 4-уми октябри соли 2010  «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 » ба сарраёсат ва раёсатҳои вазорат супориш дода шудааст, ки иҷрои чорабиниҳои ба салоҳияташон вогузошташударо дар мӯҳлати муайянгардида таъмин намоянд ва аз натиҷааш ҳар нимсола ахбороти муфассал ирсол намоянд. Дар чорабинӣ ҳамзамон таъкид шуд, ки коррупсия ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ, ҷалби сармоя монеа буда, ба институтҳои ҷамъиятию сиёсии давлат таъсири манфӣ мерасонад ва барои инкишофи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони сохторҳои таркибии вазорат ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани шароитҳои пайдоиши коррупсия, пешгирии кӯшишҳои фароҳамоварии шароитҳое, ки метавонанд боиси ҳолатҳои коррупсионӣ гарданд, андешидани тадбирҳои мушаххаси иловагӣ тавсия дода шуд.  

Декабрь 24, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад