БИНОИ МАРКАЗИ ШАҲР ТАХРИБ МЕГАРДАД

Декабрь 13, 2010 13:47

Душанбе, 13 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-43 оила, ки сокинони  бинои истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ, 67 (шафати муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) мебошанд, рӯзҳои 14-17 декабри соли равон кӯчонида мешаванд. 43 оила дар бинои истиқоматии 9-ошёнаи замонавӣ, ки дар маркази шаҳр -хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ аст, бо хона таъмин мегарданд.       Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе  Шавкат Саидов, бартарафсозии бинои истиқоматии Рӯдакӣ 67 ва  кӯчонидани сокинони он дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва  талаботи қонунгузории кишвар ҷараён  мегирад. 19 декабр корҳои тахрибсозии бинои Рӯдакӣ, 67 оғоз мегардад.  

Декабрь 13, 2010 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд