«БОИНГ»-И «ҲУМО» БА ДУШАНБЕ ЧӢ ОВАРД?
Душанбе, 30 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -Баъзе аз таҷҳизот ва технологияи барқии марбут ба сохтмони НБО «Сангтӯда -2» аз Эрон ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» атташеи матбуотии Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ иттилоъ дод. Таҷҳизот тавассути ҳавопаймои «Боинг-747» марбут ба ширкати ҳавонавардии «Ҳумо»-и Эрон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Саид Аскарӣ, намояндаи ширкати «Сангоб» -и Эрон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо вуҷуди баъзе мушкилоти ҷойдошта масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои бунёди НБО «Сангтӯда-2» тариқи роҳи ҳавоӣ ва роҳи нақлиётӣ тавассути қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Аскарӣ меафзояд, ки бо сабаби дар соли 2010 дар қаламрави Узбекистон банд гардидани қатораҳои масолеҳи сохтмонии марбут ба НБО «Сангтӯда» корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим қариб то ним сол ба таъхир афтод. Мавсуф меафзояд, тибқи қарордоди байни Тоҷикистону Эрон НБО «Сангтӯда-2» бояд моҳи феврали соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. НБО-и «Сангтӯда-2», ки дар ҷануби Тоҷикистон бунёд мегардад, яке аз иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ буда, сохтмонаш моҳи феврали соли 2006 оғоз гардида буд. Иқтидори он 220 мВт буда, бо сармоягузории Эрон, ки 180 миллион долларро ташкил медиҳад, бунёд мегардад. Мавриди зикр аст, ки НБО-и «Сангтӯда-2» аз он силсиланерӯгоҳҳоест, ки дар дарёи Вахш сохта мешавад. Охири моҳи ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони баландпояи Ҳукумати Эрон, аз ҷумла вазири нерӯи ин кишвар Маҷиди Номҷӯй маҷрои дарёи Вахш баста шуда, бунёди сарбанди нерӯгоҳ, ки аз қуму шағал сохта мешавад, шурӯъ гардид.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






