БУНЁДИ МАКТАБИ НАВ ДАР ШОДӢ

Декабрь 22, 2010 15:05

   Хоруғ,  22 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). –  Бунёди  мактаби нави замонавӣ дар  деҳаи Шодии ҷамоати Тавдеми  ноҳияи  Роштқалъа иншооти  ҷашнӣ ба шумор меравад. Мактаб  дорои  8  адад  синфхонаи  барҳаво ва озмоишгоҳу  толори  варзишӣ мебошад. Тавре  сардори  идораи  сохтмони  асосии  вилоят  Муҳаббат Раҳматов  иттилоъ дод, то  имрӯз  дар  ин ҷо корҳои  сохтмонӣ ба  маблағи  беш аз  500 ҳазор  сомонӣ анҷом  дода шудаанд.           Ба  хотири  бунёди  мактаб дирексияи иншооти ҳукуматии  назди  Президенти  мамлакат  1  млн. 300 ҳазор  сомонӣ   ҷудо  кардааст. Айни замон   корҳои  беруниву дарунӣ ва  бомпӯш кардани  бино пурра ба  анҷом  расидааст. Иншооти мазкур бояд то ҷашни 20 – умин  солгарди  Истиқлолияти давлатии ҶТ  мавриди  истифода қарор  гирад.

Декабрь 22, 2010 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон