ЧАРО ДУ ҚОНУН ҶОНИБДОРӢ НАГАРДИД?

Декабрь 17, 2010 10:14

       Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ду қонун  аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи сеюми палатаи болоии парлумони  мамлакат ҷонибдорӣ нагардид.     Инҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошанд.      Сабаби ҷонибдорӣ нагардидани масъалаҳои зикршуда,  мусоидат накардани баъзе мафҳумҳо дар тағйироти қонунҳо мебошад, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ворид гардида буд.    Ин матлабро зимни тавзеҳи қонунҳо раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов ва Убайдулло Қурбонов зикр карданд.      Бояд тазаккур дод, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси вакилони  Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва Сабоҳат Муқимова сурат гирифта, Қонун «Дар баораи маориф» бошад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд.         Қонунҳои мазкур баъди таҳрири нав дар Маҷлиси намояндагон дубора ҷиҳати ҷонибдорӣ ба Маҷлиси  миллӣ пешниҳод карда мешавад.

Декабрь 17, 2010 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад