ЧИНИҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ЗАВОДИ ХИШТ МЕСОЗАНД
Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Саноати маводи сохтмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноатамон ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозад. Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли хишт, семент, гаҷ, оҳак, масолеҳи ғайримаъданӣ, тахтасангҳои мармарӣ ва ғайра фаъолият карда, сохтмони якчанд корхонаҳои дигар идома дорад ва бунёди боз чандин корхонаҳо пешбинӣ гардидааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар солҳои 90-ум агар 30 корхонаи истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 130 адад расидааст. Теъдоди коргарони онҳо зиёда аз 5000 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи хурду калони сементбарорӣ, 70 корхонаи хиштбарорӣ, 46 корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 6-тогӣ корхонаҳои хурди оҳаку гаҷбарорӣ ва ғайра фаъолият доранд. Ин корхонаҳо бозори дохилии кишварро ба ҷуз семент бо шиша ва дигар масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд. Дар зарфи 11 моҳи соли равон истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ тайи чанд соли охир бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд ёфта, сохтмони корхонаҳои зиёди дигар идома доранд. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳамкории ширкатҳои хусусии Ҷумҳурии Халқии Чин бо корхонаҳо ва соҳибкорони ҶТ равнақ ёфта истодааст. Саҳми якҷояи ширкатҳои хитоӣ ва тоҷик асосан ба соҳаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ равона шудааст. Айни замон дар алоҳидагӣ ва ҳамдастӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






