ДАР СУҒД 15 КОРХОНА ФАЪОЛИЯТИ СУСТ ДОРАД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ки 23 декабр баргузор гардид, рафти иҷрои Барномаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2010 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Аз маркази матбуот ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, ки зимни таҳлили натиҷаҳои пешрафти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2010 маълум гардид, ки дар ин муддат корхонаҳои саноатии шаҳр ба андозаи 223,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра бо таҷҳизоту технологияи нав ба кор даромадани корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи «Сано», «Атласи Хуҷанд», ҳамчунин дар миқёси шаҳру вилоят калонтарин корхонаи муштараки «Кабоол-Тоҷик-Текстайлз» ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва омода шудани садҳо ҷойи доимии кор барои захираҳои озоди меҳнатӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овард. Умуман дар шаҳр давоми 11 моҳ 8358 ҷойи нави корӣ таъсис шуд, ки 777 адади он ба корхонаҳои саноатӣ рост меояд. Айни ҳол паст шудани нишондиҳандаҳои истеҳсолии 15 корхона боиси нигаронист. Содиқҷон Мирхолиқов, раиси шаҳри Хуҷанд вазъи саноат, сохтмон, алоқа, нақлиёт, савдо, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, ободонии маҳал ва соҳаҳои иҷтимоию фарҳангиро низ таҳлил намуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани кор, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва истифодаи имкониятҳо барои ҷамъбасти муваффақиятноки соли 2010-ум дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Вакилони халқ буҷети шаҳрро барои соли 2011 тасдиқ намуданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






