ДУШАНБЕИ НАВ ДАР ҶАНУБ БУНЁД МЕГАРДАД

Декабрь 21, 2010 16:37

Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи таҳияи лоиҳаи тасҳеҳи  нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳудуди пойтахт аз 12 ҳазор гектар то ба 36 ҳазор гектар васеъ карда хоҳад шуд. Ин матлаб  21 декабр зимни муаррифии лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе зикр гардид.     Дар лоиҳаи  ангории пешниҳодгардида, ҳамчун консепсия се  самти асосии рушди ҳудудии шаҳр муаррифӣ гардид.      Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев иброз дошт, ки дар доираи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳр қисмати ҷанубии Душанбе (маҳалли пайвастшавии дарёҳои Кофарниҳон ва Душанбе) рушд меёбад. Дар ин қисмати ҷанубии шаҳр марказҳои маъмурию коргузорӣ, муҷтамаҳои варзишӣ, биноҳои  баландошёнаи истиқоматӣ ва боғу марказҳои истироҳатию фароғатӣ, ки сохтмони он дар ин қисмати шаҳр  мусоид аст, бунёд мегарданд.        Назар ба андешаи сармеъмори лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе Владимир Бугаев «қисмати ҷанубии Душанбе ба Душанбеи нав табдил мегардад».     Инчунин, ду самти дигари рушди  ҳудудии шаҳр самти ғарбии пойтахт аз ҷониби ноҳияи Ҳисор, истгоҳи роҳи оҳани «Душанбе-2» то роҳи оҳани гузаштгоҳи Семзавод ва қисмати сеюми он -қисмати шимолӣ ҷониби ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб мебошад.  

Декабрь 21, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад