ЭҲТИЁҶ БА ОРД МЕАФЗОЯД
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мутобиқ ба пешгӯии нави коршиносони Шӯрои байналмилалӣ оид ба зироат дурнамои тиҷорати ҷаҳонии орд дар давраи солҳои 2010-2011 аз 0,07 миллион тонна дар як моҳ то 12,23 миллион тонна зиёд шудааст, вале нисбат ба нишондиҳандаи рекордии соли гузшта, ки 13,16 миллион тоннаро ташкил медод, ҳанӯз ҳам 7% камтар аст. Тавре сомонаи иттилоотӣ- таҳлилии агентии «АПК-Информ» хабар медиҳад, воридкунандаи бузургтарини ҷаҳонии орд боз ҳам Афғонистон боқӣ мемонад. Ин давлат аз бозорҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, асосан аз ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон наздик ба 1,4 (1,8) миллион тонна маҳсулот харид менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ордро аз ҷумҳурии Қазоқистон ворид менамояд. Қазоқистон аз рӯи ҳаҷми тиҷорати берунӣ бо Тоҷикистон дар байни давлатҳои узви ИДМ мавқеи сарвариро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамкори фаъоли тиҷоратии Қазоқистон ба шумор меравад. Ҳаҷми мубодилаи мол дар байни ин ду ҷумҳурӣ дар соли 2009-ум 255,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод ( содирот– 240,3 млн., воридот – 14,8 млн.). Тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта мубодилаи мол дар байни ин ду ҷумҳурӣ 5,7 % фоиз афзуд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






