Э. РАҲМОН: «ИНШООТИ ВАРЗИШӢ МАҚСАДНОК ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД»

Декабрь 20, 2010 17:25

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Ҷонмард). –Рушду инкишоф додан ва дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани варзиш яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, барои  ҷомеаи мо  рушди ҳамаи навъҳои варзиш зарур аст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарон ва масъулини соҳа, 20 декабр иброз дошт. Бо дарназардошти ин нукта, зимни ин мулоқот Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки то моҳи апрели соли 2011 барномаи нави рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои 5 соли оянда таҳия ва пешниҳод шавад. Зеро ҳарчанд ки алҳол дар кишвар беш аз 100 варзишгоҳ, 1000 толори варзишӣ, зиёда аз 4000 майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва қариб 130 мактаби варзишӣ вуҷуд дорад, вале қисми зиёди онҳо ё ба таъмир ниёзманд мебошанд ё ба таври мақсаднок истифода бурда намешаванд. Масалан, аз 1008 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 335 адади он ва аз 46 толори варзишии дар назди 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалкунанда 18 толор таъмирталаб мебошанд. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ таъмин кардани толорҳо ва майдончаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо ва макотиби олӣ чораҷӯӣ намоянд. Дар шароити кунунӣ, ҳатто дар ҳолати пурра фаъолият намудани иншооти мавҷудаи варзишӣ онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос. Клубҳо ва мактабҳои варзишӣ бошанд, талаботи кӯдакону наврасон ва ҷавононро чандон қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба соҳаҳои гуногуни варзиш зарурат ба миён омадааст, ки ҳар як ташкилоту муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошанд. Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд. Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки  имрӯзҳо  мебинем, ки роҳбарони баъзе шаҳру ноҳияҳо варзишро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, барои вусъати ҳамаҷонибаи он диққати ҷиддӣ намедиҳанд. «Ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем. Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор  мешаванд, ки барои ҷалби ҳарчи васеътари мардум ба варзиш аз ҳама имкониятҳо пурраву самаранок истифода бурда, барои бунёд ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд», — махсус таъкид намуд Сарвари давлат. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади рушди соҳа ҷавонону варзишгарони ояндадорро аз тамоми минтақаҳо интихоб намуда, барои қувваозмоии онҳо дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Илова бар ин, Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки вобаста ба муайян намудани имтиёзҳо барои соҳибкороне, ки варзишгоҳу майдонҳои варзишӣ сохта, ба таври ройгон ба моликияти давлатӣ месупоранд, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд. Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузории соҳаи варзишро ҳамасола зиёд карда, ҳамзамон бо ин, як қисми маблағҳои аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷет бадастомадаро барои рушди соҳаи зикршуда равона намоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки вазорату идораҳои дахлдор Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли ҷорӣ барои солҳои 2011-2013 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст, ба барномаи панҷсола табдил дода, дар он масъалаҳои таъмир ва таҷдиди иншооти варзишӣ, масъулияти сохторҳои ваколатдор дар соҳаи варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гарданд. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи солҳои наздик бунёд намудани Маркази омодагии олимпӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Мавриди зикр аст, ки дар ин мулоқот миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва варзишгарон мулоқоти озоду ошкоро баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди варзишгарон бо саволҳои мухталиф ба Президенти кишвар муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.   

Декабрь 20, 2010 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст