Э.РАҲМОН: «ВАРЗИШ – ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲОВУ МИЛЛАТҲО»
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). -Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон ва масъулини соҳа баргузор гардид. Дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр кард, ки варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо низ ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт. «Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад. Аз касе пӯшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд», — илова намуд Сарвари давлат. Мавриди зикр аст, ки солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Хусусан соли ҷорӣ барои варзишгарони мамлакати мо соли бобарор ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 2008-2010 зиёда аз дувуним ҳазор варзишгари тоҷик дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва барои дарёфти шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, ба ифтихори дастболо шудани онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон даҳҳо маротиба барафрохта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои 2005-2007 се баробар зиёд мебошанд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






