ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАШХИСГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ду ташхисгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд воқеъ мебошанд, ваколатнома (аккредетатсия)-и байналхалқии стандарти ИСО-17025-ро аз ҷониби созмони ДАКкs (Олмон) соҳиб шуданд. Ташхисгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд яке аз ин ташхисгоҳҳо мебошад. Минбаъд сертификатҳои аз тарафи ин ташхисгоҳ дода мешуда, дар тамоми давлатҳои дунё эътироф мегарданд. Қаблан сертификатҳои ин ташхисгоҳ танҳо дар ҳудуди давлатҳои ИДМ эътироф мегашт. Ин иқдом дар натиҷаи лоиҳаи «Таҳким ва рушди савдо дар Тоҷикистон» бо дастгирии давлати Швейтсария амалӣ гардид. Директори Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд Дадаҷон Ғойибов гуфт, ки ин дастовард бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии «Тоҷикстандарт» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муяссар гардид. Ташхисгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Марказ тайи солҳои охир бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, маводи зарурӣ, аз ҷумла ташхисгоҳҳои фаврию сайёр ҷиҳозонида шуда, аз таҳқиқ ва санҷиши мутахассисони хориҷӣ гузаштааст. Алҳол барои гузаронидани ташхис ҳама шароитҳо муҳайё буда, дар он 6 нафар мутахассисони варзида пурсамар фаъолият мекунанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин иқдом воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ташкилоти байналмиллалии савдо (ВТО) як қадам наздиктар менамояд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






