ФАРМОНДЕҲИ НАВИ ДИВИЗИЯИ ҲАРБИИ 201

Декабрь 6, 2010 16:42

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). –Фармондеҳи нави дивизияи ҳарбии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон полковник Сергей Рюмшин таъин гардид.  Фармони мазкур 27 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов ба имзо расид.    Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёрдамчии фармондеҳи дивизияи ҳарбии 201-и Русия оид ба таъмини иттилоот капитан Дмитрий Матушкин иттилоъ дод. Тибқи суханони Д. Матушкин С. Рюмшин дар ин вазифа Игор Красинро, ки аз соли 2009 инҷониб дар ин мапнсаб қарор дошт, иваз намуд.  «Муддати чанд моҳ буд, ки Сергей Рюмшин вазифаи иҷрокунандаи фармондеҳи дивизияро бар дӯш дошт», — иброз намуд ӯ. Ёдовар мешавем, ки дивизияи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барои барқарор ва мустаҳкам намудани сулҳ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, дастгирии сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон Афғонистон, ҳамчунин, барои кӯмак расонидан ба қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мустақар шудааст.   16 октябри соли 2004 Созишномаи мубодилаи тасдиқи ҳуҷҷати Шартнома дар бораи мақом ва шароити буду боши дивизияи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.  Ҳамин тариқ дивизияи 201-и ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ба базаи ҳарбии Русия табдил дода шуд, ки он аз унсурҳои муҳим дар раванди умумии таъмини амнияти минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Базаи мазкур, ки дар ҳайати худ гурӯҳи ҳавонавардӣ ва се қисми ҳарбӣ дар Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб дорад, қисми ҳарбии калонтарини Русия берун аз қаламрави он ба ҳисоб меравад.   

Декабрь 6, 2010 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад