ФАРЗАНДОНРО ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲ ТАРБИЯ НАМОЕМ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мо, аҳли маориф ва падару модарони хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд, суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро тавассути шабакаи аввали телевизиони марказӣ бодиққат шунида, аз ин иқдоми дурбинона ва оқилонаи Сарвари давлат хеле шодмону рӯҳбаланд гардида, онро комилан ҷонибдорӣ менамоем ва дар муҳокимаву баррасии лоиҳаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳем. Чунон, ки Сарвари давлат дар суханрониашон зикр намуданд: «Тамоми тадбирҳои муҳими давлатӣ ҷиҳати таҷдиду такмили низоми таълиму тарбия бе кӯмаку дастгирии бевоситаи аҳли ҷомеа, аз ҷумла падару модарон ва азми қавии онҳо ба ҳадди дилхоҳ ва самарабахш намерасанд. Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ ба дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳнбинии кӯдак қарор доранд». Воқеан ҳам барои ҳар як падару модар тарбияи фарзанди шоиста беҳтарин амали хайру савоб ва рисолати муқаддаси зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Фарзанди солеҳ на танҳо волотарин неъмати зиндагӣ барои волидайн, балки сарвати зеҳнии ҷомеа ва гавҳари ноёби ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Танҳо насли шоиставу сазовор ва боҳикмату хирадпеша метавонад ояндаи дурахшони халқу кишвари худро таъмин намояд. Агар мехоҳем, ки кишвари соҳибистиқлоли мо рушд карда, дар радифи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирад, ҳаёти ояндаи ворисонамон саодатмандонаю хушбахтона бошад, бояд дар таълиму тарбияи фарзандонамон ҷиддӣ муносибат намуда, ҷиҳати татбиқи иқдоми навбатии Президент чунин тадбирҳоро амалӣ гардонем: — дар муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолона ширкат намуда, дар такмили он бо пешниҳоди фикру андешаҳои ҷолиб ва созанда саҳмгузор бошем. — ба таҳсилу илмомӯзии фарзандон таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, барои тақвияти робитаи мутақобилан судманду самарабахши мактаб ва оила саъю талош намоем. — ҷиҳати ба илму техникаи замонавӣ, забономӯзӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани насли наврас камари ҳиммат баста, барои ташаккули ҷаҳонбинии устувори маънавии фарзандон, ки ба ҳар гуна ақидаву андешаҳои бегонапарастӣ ва экстремистӣ муқовимат карда тавонанд, аз сидқи дил кӯшиш намоем. — нагузорем, то фарзандонамон, ки меваҳои дарахти умри мо ҳастанд, вақтро бесамар талаф намуда, ба оворагардию амалҳои ношоиста даст зананд, лаҳзаҳои умри азизи хешро дар марказҳои дилхушию дискоклубҳо ва машғул шудан ба бозиҳои нолозими компютерию тамошои филмҳои ба ахлоқу тамаддуни мо бегона гузаронанд. — бояд ба тарбияи худшиносию худогоҳии насли наврас эътибори ҷиддӣ дода, баҳри он талош намоем, ки фарзандонамон ҳамчун ҷавонони қавидилу шуҷоатманд ва ҳомиёни асили марзу буми кишвар ба воя расанд. Итминони комил дорем, ки нуктаҳои муроҷиатномаи моро мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон ба хушнудӣ пазируфта, дар муҳокимаю баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолона ширкат варзида, баъди қабули ин қонун дар татбиқи ҳамаҷонибаи он саҳми муносиб мегузоранд. Муроҷиатнома дар ҷаласаи аҳли маорифи шаҳр, ки дар мактаб — гимназияи рақами 24-и шаҳри Хуҷанд санаи 15-уми декабри соли 2010 баргузор шуд, қабул гардидааст.