ФОРУМИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН ИДОМАБАХШИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард ).- «Форум дар сатҳи олӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва шарикони Рушд баргузор гардид. Изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони Рушд оид ба натиҷаҳои ин чорабиниҳо барои густариши ҳамкории минбаъда заминаи боэътимод хоҳад гузошт. Баҳри амалӣ гардонидани тадбирҳои стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар давраи миёнамӯҳлат наздики 3-миллиард доллари амрикоӣ дар доираи маблағҳои дохилӣ ва сармоягузориҳои шарикони Рушд муайян ва тасдиқ гардиданд» — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои Форуми рушди Тоҷикистон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов. Форуми рушди Тоҷикистон дар доираи Шӯрои миллии рушди Тоҷикистон бо назардошти баррасии масъалаҳои басо муҳими иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 декабри соли равон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 200 иштирокчӣ аз 20 кишвари ҷаҳон ва 19 созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Иброз намудан зарур аст, ки Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар асоси принсипҳои ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқ менамояд ва пайваста барои устувор гардонидани муносибатҳои муфиди иқтисодӣ дар минтақа ва дар сатҳи байналмилалӣ талош дорад. Рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини некӯаҳволии мардум маҳз ба татбиқи самараноку саривақтии афзалиятҳои миллии мамлакат, мутобиқ ба стратегияи миллии рушд ҷиҳати ба низом даровардани раванди рушди кишвар ва мувофиқ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола тавассути стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ мавриди амал ва татбиқ қарор дорад. Амалан, сиёсати кунунии давлат ба беҳбуди сифати зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шуда, барои ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст. Дар ин радиф Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи маҷмӯи соҳаҳоро дар бахшҳои алоҳида муттаҳид намуда, асосан аз ислоҳоти идораи давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо ва рушди нерӯи инсонӣ иборат мебошад. Феълан, барномаҳои зикршуда сиёсатро ба бунёди давлати пешрафта ҳамбаста менамояд, ки он ба ҳамаи аъзои ҷомеа барои истифодаи дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ имконияти баробар медиҳад. Ин пеш аз ҳама навсозиҳои минбаъда, такмили мақоми сиёсӣ, некӯаҳволии иҷтимоӣ ва рушди иқтидорҳои иқтисодӣ мебошад. Дар ин росто самтҳои асосии фаъолият дар давраи наздик чунин муайян гардидаанд, аз ҷумла: дастгирии рушди устувори макроиқтисодӣ ва такмили системаи идоракунии давлатӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёт тавассути навсозӣ ва диверсификатсияи он, дастгирии бахши хусусӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, таъмини самараноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии устувории бозори меҳнат ва рушди сармояи инсонӣ. «Форуми рушди Тоҷикистон идомабахши ҳамкориҳои судманд ва мустаҳками Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки баҳри дастгирии равандҳои ислоҳот дар кишвари мо равона шудаанд, мебошад»,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ Оқил Оқилов. Дар рӯзҳои баргузории ҷаласа – форум аз ҷониби аъзои Ҳукумат ва намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии донорон муаррифӣ ва мубодилаи афкор оид ба равандҳои афзалиятноки рушди кишвар ва қадамҳои минбаъда дар доираи ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Стратегияи муштараки ҳамшарикии кишварҳо, муҳокимаи масъалаҳои рушди ояндаи бахши энергетикӣ ва инфрасохтории кишвар, рушди иқтидори инсонӣ махсусан дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамчунин таҳлили роҳҳои ислоҳоти бахши кишоварзӣ ва рушди бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд таъкид кард, ки шарикони рушд пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва рушди иқтисод қадрдонӣ намуда, баҳои мусбат доданд. Мо итминони комил дорем, ки ҳамкориҳои зичи минбаъда бо шарикони рушд ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои тақвият бахшидан ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ саҳми назарраси шарикони Рушдро дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва умуман Рушди иқтисоди миллии кишвар эътироф менамояд. Бинобар ин ҶТ мувофиқи мақсад мешуморад, ки ҷиҳати таъмини татбиқи самарабахши сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ муносибатҳои ҳамшарикӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шавад. Натиҷаи муҳокимаҳои доиргардида бори дигар омодагии шарикони рушд ва ширкати онҳоро дар татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамчунин сатҳи иштироки ҳар яки онҳоро дар ин раванд нишон дод. Дар ин росто аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони Рушд изҳороти муштарак таҳия ва омода гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи боэътимод бунёд хоҳад намуд. Дар асоси изҳороти муштарак бо назардошти таъмини пешравиҳо дар рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти идоракунии давлатӣ, беҳдошти фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ва иҷрои тамоми ҷанбаҳои ислоҳот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки соли оянда Конфронс оид ба рушди Тоҷикистонро доир менамоянд. Конфронси мазкур сафарбаркунии захираҳои иловагиро ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ пешбинӣ менамояд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






