ФУРУДГОҲИ ХОРУҒ ЗАМОНАВӢ МЕГАРДАД

Декабрь 30, 2010 11:55

  Хоруғ, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). –  Мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Хоруғ  ният дорад, ки то   ҷашни  20 – умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон     иншооти зиёдро сохта ба истифода   диҳад. Тавре   роҳбари  дастгоҳи мақомот   Мансур  Гулаҳмадшоев  иттилоъ дод,  то  ибтидои  моҳи  августи соли оянда   гимназияи Президентӣ барои 680  хонанда,  хобгоҳи  донишҷӯёни  Донишгоҳи  давлатии  шаҳри  Хоруғ барои  200  нафар, бинои Донишкадаи такмили  маҳорати   касбии  омӯзгорони  вилоят,  бинои  истиқоматии 5  ошёна, 2  корхонаи  коркарди   сангҳои қимматбаҳо  ва  дигар иншоот   мавриди   баҳрабардорӣ  қарор   мегиранд.   То рӯзи  ҷашн  фурудгоҳи  ҳавоии   шаҳри  Хоруғ  пурра таъмир   гардида,  ба тарҳи  ҷаҳонӣ   мутобиқ  кунонида  мешавад.  Масъалаи  бо  оби  нӯшокӣ   таъмин  намудани  сокинони   маркази  вилоят низ то оғози ҷашн ҳалли пурраи худро меёбад.   Ёдовар мешавем, ки барои таъмиру таҷдиди пурраи иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ  Бонки  аврупоии таҷдид ва рушд 4, 5  миллион  доллар маблағ ҷудо   намудааст.

Декабрь 30, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад