ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ ЛАЗЕРӢ ДАР ХУҶАНД

Декабрь 10, 2010 17:02

  Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи Соли Нави 2011 бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар беморхонаи шаҳрии рақами 1-и ба номи Урунови шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ-табобатии лазерӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни ифтитоҳи марказ аз дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷӯҳу эътибори Президенти мамлакат ба соҳаи тиб, амалӣ гардидани Барномаҳои рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят, дастгирии соҳаи тандурустӣ, корҳои ободкорӣ, бунёди табобатгоҳҳо ва марказҳои солимӣ ҳарф зад. Ӯ зикр намуд, ки дар Соли нав низ иқдомҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ идома меёбанд, зеро мардуми мамлакати соҳибистиқлоламон 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шоиста таҷлил хоҳанд намуд. Зикр бояд кард, ки бо ифтитоҳи ин марказ дар вилоят бори  нахуст бо истифода аз таҷҳизоти лазерӣ табобати бемориҳои роҳҳои нафас, гӯшу гулӯ, рагу шарён ва ғайраҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар маркази нави ташхисӣ ва табобатии лазерӣ таҷҳизоти муосири тиббии Федератсияи Россия, аз қабили «Лахта-милон», «Матрикс» ва «Ангиография» насб гардидааст. Мутахассисони марказ дар шаҳри Москва таҷриба андӯхтаанд. Алҳол дар марказ 15 нафар табибону мутахассисон фаъолият дошта, метавонад дар як вақт 15 нафар беморонро табобат намояд. Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд тӯли 4 соли охир 1 муассисаи тиббӣ, 3 маркази тандурустӣ, 23 маркази саломатии деҳот, 49 хонаи саломатии деҳот ва 9 шӯъбаи нав мавриди истифода қарор  гирифта, 129 муассисаи  тиббӣ,  196 шӯъба ва 26 ҳуҷраи табобатӣ таъмир  гардидаанд.

Декабрь 10, 2010 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология ба 68 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия додааст, ки ба маконҳои бехатар кӯч банданд
23 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имсол дар телевизионҳои Тоҷикистон 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд
Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд